Хабар

Парлумони Тоҷикистон Шартномаи шарикии стратегии байни Тоҷикистону Туркманистонро тасдиқ кард

Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро  вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон ба тасвиб   расониданд.

«Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад»-таҳти ин унвон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид

Бо ташаббуси  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев   бахшида ба Рӯзи Модар барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад»  баргузор гардид, ки дар он фаъолзанону духтарони  пойтахт иштирок доштанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 7 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы