МАРҲАМАТ БА ҶАШНГОҲ! Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба базмҳои наврӯзӣ даъват менамояд
Опубликовано вт, 20/03/2018 - 10:32 пользователем tvtТаҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 17 март бо баргузории Дави наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ оғоз гардид.
Алҳол дар пойтахт корҳои омодагӣ ҷиҳати ба таври идона ороиш додани макони баргузории базмҳои наврӯзӣ ба анҷом расида, баҳри сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт базмгоҳҳо пурра омода гардидаанд.