Рамазон Раҳимзода: «Ислоҳоти қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ шарти муҳими таъмини қонуният дар мурофиаи суди ҷиноятист»

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тафтишоти пешакӣ ва дурнамои инкишофи он», ки ба таъсиси дастгоҳи тафтишотӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ бахшида шудааст, конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар конфронс олимони барҷастаи ватанӣ, судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон ва роҳбарони дастгоҳҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин бори нахуст намояндагони Донишгоҳи давлатии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки ислоҳоти қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ яке аз муҳимтарин шартҳои таъмини қонуният дар мурофиаи суди ҷиноятӣ мебошад ва мавзӯе, ки дар конфронс муҳокима карда мешавад, бешубҳа, ба таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон алоқамандии зич дорад.

Вазири корҳои дохилӣ иброз намуд, ки фикру ақида ва тавсияҳое, ки дар баромадҳои иштирокчиён пешниҳод мешаванд, ба такмил додани қонунгузории мурофиавӣ-ҷиноятӣ, фанҳои таълимӣ ва фаъолияти амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсири мусбат мерасонанд.

Дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии Донишгоҳи давлатии Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Ш.Ф. Файзиев оид ба таҳлили муқоисавии мақомоти тафтишотии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи худро ба иштирокчиёни форум пешниҳод намуд.

АМИТ "Ховар"