Дар вилояти Суғд 7 коргоҳи коркарди шир бунёд мегардад
Опубликовано вт, 24/04/2018 - 13:38 пользователем tvtДар семоҳаи аввали соли 2018 дар миқёси вилояти Суғд 24 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, 335 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. Коргоҳҳои нав асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва саноати сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании воридотивазкунанда мусоидат хоҳанд намуд.


Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев мизи мудаввар дар мавзӯи «Такмили қонунгузории замин ва андозбандии хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ хабар доданд.
Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли равон дар осоишгоҳи «Зумрад»-и шаҳри Исфара бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси сайёҳӣ таҳти унвони «Рушди сайёҳӣ — омили пешрафти иқтисоди миллӣ» доир гардид.