Хабар

Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то охири ҳафта идома меёбад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 10 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки боронӣ шуда, дар баландиҳои 2000 метр эҳтимоли боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Россия сурат гирифт

8-9 апрели соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров аз Россия боздиди расмӣ ба амал овард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи сафар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия баргузор шуд.

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дароз карда мешавад

Ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тағйирот  ворид менамояд, ки тибқи он муҳлати бақайдгириии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.

Масъалаи мазкур  9 апрел дар ҷаласаи Шӯрои  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ  шуд.

Страницы