Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, боридани борону жола дар назар аст
Опубликовано вт, 01/05/2018 - 09:05 пользователем tvtБа иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, тӯли чанд рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои кӯҳӣ боридани боронҳои пуршиддат ва баъзан жола дар назар аст. Пастшавии ҳарорат то +8 +10 дараҷа дар водиҳо пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар вилояти Хатлон чангу ғубор ба амал меояд.