Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар баландиҳои 2500 метр барф меборад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст.

Имрӯз, 2 май дар  вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кутоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.

Аҳли илму адаби тоҷик даргузашти Бозор Собирро барои адабиёти тоҷик талафоти бузург арзёбӣ намуданд

Тавре қаблан иттилоъ дода будем,  субҳи имрӯз шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт.

Аҳли илму адаби тоҷик аз хидматҳои бузурги устод Бозор Собир дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик ёдоварӣ карда, даргузашти ин шоири ватансароро барои халқи тоҷик, адабиёти тоҷик ва фарҳанги тоҷик талафоти бузург арзёбӣ намуданд.

Страницы