ҚУДРАТ АФАРДӢ АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
Опубликовано пт, 17/08/2018 - 14:40 пользователем adminЗуҳри имрӯз, 17 августи соли 2018 директори шуъбаи миллии Ширкати байналмилалии телевизион ва радиои «Мир» Қудрат Афардӣ дар синни 44-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора наздикони Қудрат Афардӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ногаҳонӣ аз бемории сактаи дил вафот кардааст.
Қудрат Афардӣ соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори шуъбаи миллии Ширкати байналмилалии