Хабар

Ифтитоҳи Коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити  таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ баҳои баланд доданд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

5 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар Фурудгоҳи ноҳияи Данғара сурат гирифта, мардуми заҳматкаши ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Саттор Турсун: «Бо даст дарёро бастем…»

16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад.  Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Аз ин рӯ таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан  ба миллат аст.

Страницы