Оғози фаъолияти навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»
Опубликовано пн, 05/11/2018 - 14:40 пользователем tvtАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, ба истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамояд.