Дар Душанбе ҳамкории фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид
Опубликовано чт, 31/01/2019 - 12:08 пользователем admin
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳуриии Қирғизистон Ҷаниш Рустенбеков 30 январ дар Душанбе мулоқот намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз 1 феврали соли 2019 дар хатсайри автобуси №1 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба хабари бархе сомонаҳо таҳти унвони «Зане, ки иддао дошт милисаҳо ӯро бараҳна карданд, аз Русия паноҳгоҳ хост», ки 25 январи соли 2019 нашр шуд, раддия пешниҳод менамояд.