Ҳиндустон ва Покистон мубодилаи рӯйхати иншооти ҳастаӣ намуданд
Опубликовано ср, 02/01/2019 - 11:48 пользователем admin
Дар оғози соли 2019 Ҳиндустон ва Покистон мубодилаи рӯйхати иншоот ва воситаҳои ҳастаӣ намуданд. Ин амал дар асоси шартномаи соли 1988 оид ба пешгирии ҳамла ба чунин иншоот сурат гирифт. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон иттилоъ дод.


Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба шаҳрванди мамлакат, ки баъд аз фурӯравии бинои истиқоматӣ дар Магнитогорск дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор дорад, кумаки зарурӣ мерасонанд. Ҷустуҷӯи аъзои оилаи ӯ идома дорад. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба корманди Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар дод.
31 декабри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Давлаталӣ Саид доир гардид.