Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор «Корвони саломатӣ» ба сокинон хизмати ройгон расонид
Опубликовано пн, 18/03/2019 - 18:28 пользователем admin
«Корвони саломатӣ» –и соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор зери шиори «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» бо иштироки зиёда аз 12 нафар мутахассисони ботаҷриба бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ ба сокинони ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳр хизмати ройгони тиббӣ расонид.


Аз 9 то 11 марти соли равон дар шаҳри Бангкоки Давлати шоҳигарии Тайланд Олимпиадаи 8-уми байналмилалӣ аз фанни математика ва роботсозӣ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 800 нафар хонанда аз 22 давлати дунё иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар олимпиадаи мазкур 26 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муаррифӣ карданд.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори таҷлили ҷашни ниёгонамон Наврӯзи хуҷастапай рӯзҳои 21-22 марти соли 2019 дар шаҳри Норак мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ байни калонсолон баргузор мегардад.