Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: бар асари тармафароӣ дар Сангвор хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

тармафароӣ дар Сангвор Хатари фаромадани тарма дар роҳҳои Душанбе — Сангвор, Хоруғ-Ишкошим ҳамоно боқӣ мемонад. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки айни замон Ситоди фаврии муштарак дар ҷойҳои хатарнок фаъолият бурда истода, тамоми техникаи зарурӣ ба он ҷойҳо сафарбар карда шудааст.

Давоми 24 соати охир фаромадани тарма ва сангрезаҳо дар ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Сангвор, инчунин дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ба қайд гирифта шуд. Дар маҷмӯъ давоми шабонарӯзи гузашта дар кишвар 20 ҳодисаи фаромадани тарма ва 16 ҳодисаи лағжиши сангреза сабт гардида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар натиҷаи фаромадани тарма дар деҳаи Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор 4 хоҷагии ёрирасон вайрон гашта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар натиҷаи ин ҳодиса роҳу хатҳои барқи ин деҳа ва ҳамчунин боғҳои мардум хароб гардида, фаромадани тарма сабаби марги даҳҳо сар чорвои мардум гардидааст. Айни ҳол дар макони ҳодиса комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои муайян кардани андозаи зарар кор бурда истодааст.

Дар робита бо боришоти дар пеш истода ва мавҷуд будани барфи зиёд дар кӯҳҳо хавфи фаромадани тарма, сел ва сангрезаҳо боқӣ мемонанд.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ронандагону мусофиронро ҳушдор медиҳад, ки сафари худро бо мақсади рух надодани ягон ҳодисаи нохуш ба самти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ВМКБ муваққатан мавқуф гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар сурати рух додани ҳодисаҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба телефонҳои кормандони зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин рақамҳо муроҷиат намоянд:
93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11.

АМИТ «Ховар»