Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи дуюми сатҳи баланди Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок ва суханронӣ намуданд
Опубликовано пт, 26/04/2019 - 18:59 пользователем adminНимаи дуюми рӯзи 26 апрел дар Маркази ҳамоиши миллии Чин Ҷаласаи дуюми сатҳи баланд кори худро идома дод.
Дар ин ҷаласа Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ карда, ба ҷониби Чин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш изҳори сипос намуданд.