Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ифтитоҳи қисмати дуюми роҳи мошингарди байни шаҳракҳои Навобод ва Ғарм
Опубликовано ср, 26/06/2019 - 09:13 пользователем admin
26 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф овард


Дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинони ноҳияи Лахш, ки барои мулоқот бо роҳбари хеш дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд.