Дар шаш моҳи соли равон дар мамлакат қариб 23 ҳазор нафар ному насаб иваз кардаанд
Опубликовано вт, 16/07/2019 - 16:49 пользователем admin
То имрӯз аз ҷониби мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ дар масъалаи иваз кардани номҳо ба номҳои анъанавӣ- миллии тоҷикона ягон эрод гирифта нашудааст. Ин матлабро 16 июл дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод баён дошт.


Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола», ки имсол бори аввал дар тамоми қаламрави мамлакат баргузор гардид, на танҳо симои пойтахт, балки тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакатро гулафшон намуд. Аз дидани он на танҳо сокинони ҷумҳурӣ, балки меҳмонони хориҷӣ низ ба ваҷд омаданд.
Бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат соли равон дар вилояти Суғд баистифодадиҳии 100 корхона бо 1030 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шуда, давоми шашмоҳаи аввали соли 2019 59 корхона бо 642 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.