Дар Суғд озмуни ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади таъмини рушди ҳунарҳои миллӣ то охири моҳи июл дар вилояти Суғд озмуни ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ«Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.

Иштирокчиёнро зарур аст, ки сифати маҳсулоти истеҳсолшуда, тарзи муаррифии ҳунарҳои мардумии кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ, навовариву ташаббускорӣ, тарбияи шогирдон ва дигар нишондиҳандаҳоро ба таври шоиста пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, дар озмун кулолгарон, чӯбтарошон, сабадбофон ва дигар хоҳишмандон метавонанд иштирок намуда, маҳсулоти худро пешниҳоди ҳакамон гардонанд.

Барои нуҳ нафар беҳтарин кулолгарон, чӯбтарошон ва сабадбофон аз 1000 то 3000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 18 000 сомонӣ мукофотпулӣ пешбинӣ гардидааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: