Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони шаҳри Исфара боздид намуданд
Опубликовано пт, 26/07/2019 - 15:57 пользователем admin
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинон, ки дар саҳни Маҷмааи «Ориён» ба таври густурда ташкил карда шуд, дидан намуданд.


26 июли соли 2019 дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид.
Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сабаби гармии бесобиқа ва эҳтимоли зуд вайрон шудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ аз соҳибкорони бозору дӯконҳои шаҳр даъват намуд, ки маҳсулоти худро қабл аз фурӯш мавриди санҷиш қарор диҳанд.