Дар садамаи нақлиётӣ дар мавзеи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 5 нафар ба ҳалокат расиданд

1 августи соли равон  дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ  5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ — ронанда ва мусофирони мошин, сокини деҳаи Дуршери ноҳияи Ванҷ Асоев Садриддин, сокинони шаҳри Душанбе Ингра Қурбонова, Айшам Асоев ва Зифмо Асоева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ронандаи  мошини  тамғаи «Опел-Астра»,  сокини шаҳри Душанбе Беҳзод Валиеви 47-сола ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ,  дар ҳудуди мавзеи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба дарёи Панҷ  чаппа намудааст.

Аз  сар задани ин фоҷиаи нохуш корбари Фейсбук Малика Урфонзода дар саҳифааш хабар дода, навиштааст, ки ҷасадҳои қурбониёни садамаро то ҳол пайдо накардаанд. Ҳодиса дар шоҳроҳи Зиғар-Дарвоз рӯй дода, мошинро  бо 5 нафар  мусофиронаш, ки ҳама аз як авлод будаанд, амвоҷи пуртуғёни Панҷ дар як лаҳза ба комаш кашидааст. Номбурда навиштааст, ки «рӯзи якшанбе тӯйи додарам буд. Сарояндаҳо, хешу табор, ёру дӯстон ҳама ба маҳфил даъват шуда буданд, аммо якбора ин фоҷиа ба сари авлоди мо омада, тӯй ба мотамхона  табдил ёфт…».

Ҷустуҷӯи ҷасади 5 нафар қурбониёни ин садамаи хунин идома дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: