Хабар

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД. Бардошт аз конференсияи илмӣ-назариявӣ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва КИ ҲХДТ дар ноҳия дар кохи  фарҳанг зери унвони «Хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони соҳаҳои ҳуқуқу тартибот, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занону ҷавонон, имомхатибони масҷидҳо ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

ДМТ: Ба 8 нафар донишҷӯёни хориҷӣ бинобар баста шудани роҳҳо дар хобгоҳи аспирантон ҷой дода шуд

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ба  8 нафар  донишҷӯи хориҷӣ, ки дар факултетҳои донишгоҳ таҳсил намуда,  дар давраи авҷи бемории коронавирус, бинобар баста шудани роҳҳо  имкони рафтан ба кишвари худро надоштанд,  дар хобгоҳи аспирантон барои истиқомат ҷой дод.

Худоёр Худоёрзода: COVID-19 ба фаъолияти тамоми намуди нақлиёт дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд

«Пандемияи коронавирус COVID-19 ба  фаъолияти тамоми намуди нақлиёт, ки  ҳамлу нақли байналмилӣ машғул буданд, таъсири манфӣ расонд»- чунин посух дод Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ ба  саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ.

Страницы