Хабар

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34+36 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 рубли русӣ — 0.1450 сомонӣ муқаррар шудааст

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 10.3098 сомонӣ;

1 евро – 11.7996 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1450 сомониро ташкил медиҳад.

COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6695 нафар расид

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 15 июл ба 6695 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Страницы