Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби КДАМ боздошт гардид
Опубликовано вт, 18/08/2020 - 10:29 пользователем admin
17-уми август аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир гардид.



Дар арафаи соли нави таҳсил дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи нави таълимӣ-Гимназияи «Эҳёи маънавият» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти шаҳр ва кормандони соҳаи маориф ширкат варзиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.