Душанбе

Бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» дар мусобиқаи волейбол қувва меозмоянд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади сазовор таҷлил намудани  Рӯзи модар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим  аз 6 январ то 6 марти соли 2018  бо иштироки бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт барои дарёфти «Ҷоми  Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи волейболбозонро  баргузор менамояд.

Шаби соли нав дар 5 макони баргузории барномаҳои солинавӣ ба муддати 4 дақиқа мушакпаронӣ мешавад

Тавре қаблан хабар дода будем,  31 декабр  аз соати  20:00 то 22:00  дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт   шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад.

Дар пойтахт бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доир ба вусъати корҳои ободонию навсозӣ  дирӯз дар пойтахт бо иштироки  Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  навсозии як силсила иншооти коммуникатсионӣ оғоз гардид.

Страницы