Душанбе

Дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

5 ноябри соли 2017, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор  мегардад. Муссобиқа ба ҷашни 23 –юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт ва ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ  бахшида шудааст.

Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи корҳои бунёдкорӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон» ва гулгашти нави пойтахт шинос гардид

Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  бо мақсади шинос шудан бо корҳои бунёдкорию навсозӣ дар «Боғи кӯдакон ва наврасон»  ва гулгашти нав дар кӯчаи Ғулом Ғафурови пойтахт аз ин мавзеъҳо дидан намуд.

Раиси шаҳр нахуст бо лоиҳаи навсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон», воқеъ дар буриши кӯчаҳои Мирзо Турсунзода ва Шоҳтемури шаҳри Душанбе шинос гардид.

Дар Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳр озмуни такрорӣ баргузор мегардад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон, бо мақсади дастгирию ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон – хонандагону донишҷўёни фаъол, аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва  миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмуни такрорӣ эълон менамояд.

Страницы