Душанбе

Соли 2017 дар пойтахт сохтмони муассисаҳои таълимӣ, таъмири роҳҳо ва ташкили боғу гулгаштҳо вусъат ёфт

Соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр 4 муассисаи томактабӣ ва таълимӣ бо 2 ҳазору 30 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки нисбат ба  соли  2016  880 ҷойи нишаст зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети шаҳр, вазорату идораҳо ва соҳибкорон дар 28 иншооти муассисаҳои таълимӣ барои 16 ҳазору 944 ҷойи нишаст корҳо оғоз шуда, бо маром идома доранд.

Вокуниши Рустами Эмомалӣ ба муроҷиати саҳмгузорони биноҳои истиқоматӣ

Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ   муроҷиатномаи гурӯҳи шаҳрвандон — саҳмгузорони бунёди манзилҳои ширкатҳои сохтмонии «Муҳаммад 2009» ва  «Муҳаммад 2014»-ро, ки дар  нашрияи «Азия Плюс»  зери сарлавҳаи  «Мо танҳо ба Мири шаҳр умед мебандем»   ба чоп расида  буд,  мавриди баррасӣ қарор дод.

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи Наврӯзгоҳ ва шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар як қатор иншооти пойтахт

21 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишии кипарис, Сарви Лейландӣ ва секвоя шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳ

Страницы