Душанбе

Ифтитоҳи майдони варзишии «Душанбе Арена» дар кӯчаи Умари Хайёми шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми 19 март бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳудуди Донишгоҳи аграрӣ майдони варзишии «Душанбе Арена» мавриди истифода қарор гирифт.

Дар Душанбе омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи Модар оғоз гардиданд

Бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018  ва  ҷашни Рӯзи Модар тасдиқ  гардиданд.

Дар шаҳри Душанбе мавсими «Ҳаҷ-2018» оғоз гардид

Дар шаҳри Душанбе Комиссияи шаҳрӣ  оид ба омодагӣ ва муташаккилона баргузор намудани мавсими «Ҳаҷ-2018» таъсис дода шуд. Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе  вазифадор гардиданд, ки баҳри қабули саривақтии ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон комиссияҳои ноҳиявӣ таъсис   диҳанд.

Страницы