Дар Душанбе омодагиҳо ба ҷашни Рӯзи Модар оғоз гардиданд

Бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018  ва  ҷашни Рӯзи Модар тасдиқ  гардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  тибқи қарорҳои мазкур  роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  вазифадор гардиданд, ки иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро дар муҳлати муқарраргардида таъмин намоянд.

Мавриди зикр аст, ки  нақшаи чорабиниҳои мазкур    ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати  хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имкониятҳои ғании шаҳри Душанбе, дар  сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар-8 март дар пойтахт  ва таҳкиму арҷгузорӣ ба мақому манзалати модар  роҳандозӣ мегарданд.

Дар  нақшаи чорабиниҳо баргузории ҳар гуна барномаҳои фарҳангию фароғатӣ  бахшида ба  ҷашнҳои мазкур   дар назар дошта шудааст.

АМИТ "Ховар"