Таъиноти кадрӣ дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони намояндагии Вазорати корҳои дохилӣ дар назди созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва ИДМ, сардорони як қатор Раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин карда шуданд.

Насимзода Акбар Ғиёс — Сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид, ки то ин муддат дар ҳамин ниҳод аз корманди қаторӣ то ба сатҳи муовини Сардор фаъолият намудааст.

Сардорони раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъминоти моддӣ-техникӣ, молия ва иқтисодӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ноболиғон ва ҷавонон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону ботаҷриба ва дорои дараҷаи тахассуси баланд таъйин гардиданд.

Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Ашти вилояти Суғд, ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ иваз карда шуданд.

Аз ҳисоби кадрҳои корозмуда сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шаҳринав, Сангвор, Тоҷикобод ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйиншуда таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза бар зидди ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуданд.

Ҳамчунин ба кадрҳои навтаъйиншуда дастур дода шуд, ки дар ҳамкории зичу пурсамар бо дигар сохторҳои давлатӣ пуштибони ҳақиқии мардум бошанд.

www.president.tj