Тағйири номи 15 деҳа дар Суғд: “Муғулон” “Сафобахш”-у “Оқтеппа” “Сафедтепа” шуд

Дар иҷлосияи нӯҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияҳои Ашту Спитамени вилояти Суғд иваз карда шудааст.
Ба иттилои сомонаи парлумони кишвар зимни ҷаласа як қатор номҳои деҳоти вилояти Суғд , аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент номи деҳаҳои Муғулони поён ба Сафобахш, Қизилҷар ба Зарринрӯд, Камартош ба Камардашт, Ҷомбулоқ ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа ба Осиёбтеппа, Кӯктош ба Кабудсанг, Қичиқ Шӯрнова ба Шӯроноваи хурд табдил дода шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки деҳаҳои мазкур дар ҳудуди деҳоти Амондара, Саразм, Косатарош ва деҳоти ба номи Халифа Ҳасан воқеанд.
Манбаъ мегӯяд, дар шаҳри Конибодом низ ду деҳа- деҳаи Шаҳидқароянтоқ ба деҳаи Диловарон ва деҳаи Яккатерак ба деҳаи Сафедорак табдили ном кардаанд. Инчунин дар ноҳияи Ашт деҳаи Қӯрғонча ба Қалъача ва Қамишқӯрғон ба Хуҷистон иваз карда шуданд. Дар ноҳияи Спитамен номи чор деҳа- деҳаи Оқтеппа ба Сафедтеппа, Фармонқӯрғон ба Фармонқалъа, Саидқӯрғон ба Саидқалъа ва Қӯштегирмон ба деҳаи Сариосиё табдил дода шуданд.
Гуфта мешавад, ҳадафи асосии иваз кардани номҳои маҳалҳои аҳолинишин татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», эҳёи номҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, ки аз қадимӣ будани ин мавзеъҳо шаҳодат медиҳанд, ба шумор меравад.

Tags: