Дар Хоруғ романи таърихии «Саройи санг»-и Ато Мирхоҷа рӯнамоӣ гардид

«Саройи санг» яке аз нахустин асарҳои бузурҳаҷми насрии  шоир ва нависандаи тоҷик Ато Мирхоҷаи Неру мебошад.  Китоб аз ду ҷилд иборат буда,  ҷилди аввали он ба фурӯш бароварда шуд. Қабл аз маросими рӯнамоӣ дар шаҳри Хоруғ даҳҳо нусхаи ин китоб  зуд ба фурӯш рафт.

Раиси бахши вилоятии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон  Лаълҷубаи Мирзоҳасан бо изҳори хушҳолӣ аз зуд ба фурӯш рафтани асар гуфт, «шод гаштам, ки миёни харидорон аксаран ҷавонон ба назар расиданд. Мо мудом аз он шиква дорем, ки наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб кам таваҷҷуҳ доранд. Аммо шикваи мо асос надорад. Ҷавонон аслан гуноҳ надоранд, ҳар айбе, ки ҳаст, дар асарҳои мо, адибон аст. Романи таърихии «Саройи санг» ҳанӯз ба чоп нарасида, чанд порчаи он  дар шабакаи интернет ба нашр расид ва зуд диққати ҷавононро ба худ ҷалб кард».

Ба зикри номбурда, забони роман хеле равону шево буда, ҳодисоту воқеоти таърихӣ дар он ҷолибу шавқангез тасвир шудаанд. Хонанда ҳангоми мутолиа худро  ҳамнишини қаҳрамонони асар эҳсос мекунад ва намехоҳад аз ин маърака берун шавад.

Нависанда дар  романи таърихӣ авзои иқтисодию сиёсии  асрҳои 18- 19, рӯзгори пур аз фарозу нишеби тоҷикони кӯҳистон ва муборизаи онҳоро бо амирони онвақтаи афғон баҳри озодӣ, дифои номусу шараф тасвир кардааст.  Аксари қаҳрамонони асар шахсони таърихӣ ва воқеӣ мебошанд.

Дар ин маврид   сокини шаҳри Хоруғ Мамадраҳим Гавҳаров гуфт, ки «ман дар бораи бобоям, ки яке аз паҳлавонони машҳури ҳам Бадахшони Тоҷикистону ҳам Бадахшони Афғонистон буд, аз суҳбати мӯйсафедон зиёд шунида будам.  Аммо он чӣ ки дар китоби «Саройи санг»  хондам, воқеан маро дар ҳайрат гузошт. Аз ин китоб дар бораи бобоям бисёр маълумоти аҷибу камёфт ёфтам. Ҳозир бесаброна мунтазири нашри ҷилди дуюми ин романи таърихӣ ҳастам».

Муаллифи асар Ато Мирхоҷаи Неру ба иштирокдорони маҳфил ва онҳое, ки дар гирдоварии маводи асар ба ӯ кумак расондаанд, изҳори сипос намуд. Мавсуф иброз  дошт, ки ҳоло ба ҷамъоварии мавод барои ҷилдҳои дуюму сеюми «Саройи санг» машғул аст ва пас аз чанд муддат идомаи асар ба дасти хонандагон мерасад.

АМИТ «Ховар»

Tags: