Изҳороти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба куштори сайёҳони хориҷӣ
Опубликовано ср, 01/08/2018 - 13:48 пользователем admin
Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар иртибот ба куштори даҳшатноки сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби ҷинояткорон изҳорот пахш намуд. Дар он гуфта мешавад:
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амали ваҳшиёна ва террористии гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро, ки ба марги 4 нафар сайёҳи хориҷӣ боис гашт, қотеъона маҳкум карда, зимнан ба наздикону пайвандони сайёҳон изҳори ҳамдардӣ менамояд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор, ки дар навбати аввал ба садама шабоҳат дорад,


Шарҳи муфассали Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» расид. Матни он дар зер оварда мешавад.
«Суботу амният ва оромии ҷомеа василаи муҳими пешрафту тараққиёти ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, раванди осоиштагии мардумро таъмин менамояд.