«ФАРМОИШГАРИ ҶИНОЯТ УЗВИ ФАЪОЛИ ТТЭ ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ МЕБОШАД». Шарҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба куштори сайёҳони хориҷӣ

Шарҳи муфассали Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаи куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» расид. Матни он дар зер оварда мешавад.

29 июли соли 2018 тахминан соати 15-30 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Лиганза» дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо суръати баланд ба 6 нафар сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Швейтсария ва Нидерландия, ки ба воситаи дучархаҳои (велосипедҳои) худ аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат менамуданд, ҳуҷум карданд. Пас аз онҳоро зада аз по афтонидан 3 нафари ин ҷинояткорон аз автомашина берун баромада, бо мақсади куштан бо корду табар ба узвҳои ҳаётан муҳими сайёҳон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони ИМА Геогхеган Лаурен Анне Муноз ва Аустин Ҷей, Нидерландия Воке Рене Виллем ва Швейтсария Хамел Маркус дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар шаҳрвандони — Нидерландия Постма Ким Ирис ва Швейтсария Дименд Мари Клер дар ҳолати вазнин ба беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ карда шудаанд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса таъҷилан ҳозир шуда, оид ба ҳодисаи рухдода бо аломатҳои терроризм ва одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ҷиҳати ошкоркунии ҷиноят ва дастгир кардани ҷинояткорон амалиётҳои таъхирнопазири тафтишотӣ-оперативиро ба роҳ монданд.

Ҳангоми кофтукови ҷинояткорон бо ёрии сокинони ноҳия автомашинаи дар содиркунии ҷиноят истифодагардида дар деҳаи Торбулоқи ноҳия дарёфт карда шуд. Баъдан ҷинояткор Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович дастгир карда шуда, ҷинояткори дигар Юсупов Аслиддин Садриддинович бинобар нишон додани муқобилият безарар гардонида шуд.

Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва автомашина далелҳои шайъӣ, ба монанди корд ва табари хунолуд, як телефони дастӣ, 2 борхалта, пойафзоли варзишӣ, 2 адад шиноснома ба номи Маҷидов Асомиддин ва Сафаров Зафарзода ва сокинони ноҳияи Панҷ дарёфт ва гирифта шуданд.

Ҳангоми пурсиш дастгиршуда Абдусамадов Ҳ.А. тасдиқ кард, ки ӯ роҳбари дастаи террористӣ буда, онҳо ин амалиёти террористиро бо супориши Қорӣ-Носир ном шахс узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон содир намудаанд. Пас аз содир намудани ҷиноят онҳо мақсад доштанд, ки ба воситаи ноҳияи Панҷ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуда, бо гурӯҳҳои террористӣ пайваст шаванд.

Муайян гардид, ки фармоишгари ҷиноят Қорӣ-Носир ин Убайдов Носирхуҷа Аҳтамович мебошад, ки аз соли 1992  узви фаъоли ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом буда, аз соли 2015 дар кофтукови расмӣ қарор дорад.

Тафтишот таҳти роҳбарии бевоситаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод босуръат идома дошта, амалиётҳои зарурии тафтишотӣ гузаронида, ҳамаи ҷинояткорон дастгир карда шуданд.

Маркази матбуоти
Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМИТ «Ховар»