АМАЛИ АҲРИМАНОНА. Чунин арзёбӣ шудааст куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар изҳороти раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

«Суботу амният ва оромии ҷомеа василаи муҳими пешрафту тараққиёти ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, раванди осоиштагии мардумро таъмин менамояд. Ин неъмати бебаҳо, ки  арзиши баланд ва ҷойгоҳи сазоворро соҳиб мебошад, хостаи асосии мардуми олам маҳсуб меёбад», — омадааст дар изҳороти раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар он куштори ваҳшиёнаи сайёҳони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон маҳкум карда мешавад. Матни изҳоротро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Суботу амният ва оромии ҷомеа василаи муҳими пешрафту тараққиёти ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, раванди осоиштагии мардумро таъмин менамояд. Ин неъмати бебаҳо, ки  арзиши баланд ва ҷойгоҳи сазоворро соҳиб мебошад, хостаи асосии мардуми олам маҳсуб меёбад.

Боиси сарфарозӣ ва хушбахтӣ аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз ливои сулҳу субот парафшон буда, мардуми шарафманди он  зиндагиии орому  осоишта ва  фаъолияти  созанда дорад.

Имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ бо суръати  хосса рушд  меёбад, дар зини ин раванд дар ҷаҳони муосир гурӯҳҳо ва ҷунбишҳои зиёди ифротиву иртиҷоӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин гурӯҳҳо дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ   ҷиҳати ноил шудан ба мақсад ва ниятҳои нопоки худ миёни мардум тавассути роҳу воситаи мухталиф ва амалҳои таҳрибкорона ва зиддиинсонии  хеш амал менамоянд.  Натиҷаи чунин амалҳои зишт ва ғайриинсонӣ дар амали аҳриманонаи як зумра аз афроди ҷиноятпеша дар ҳодисаи фоҷаебори санаи 29.07.2018 ба таври   равшан  мушоҳида шуд.

Ҳодисаи мазкур, ки аз ҷониби душманони ватан ва миллат тарҳрезӣ карда шуда, тавассути аъзоёни Ҳизби  наҳзати исломӣ   фармоиш, роҳбаладӣ ва иҷро шуд, боиси марги як қатор сайёҳони хориҷӣ гардид, ва  бори дигар аз нақшаҳо ва ниятҳои нопоки муғризонаи роҳбарони ин ҳизби экстремистию террористӣ  дарак дод.

Ин амали ноҷавонмардона, ки аз тарафи ТЭИ ҲНИ тарҳрезӣ гардида, аз ҷониби  пайравони гумроҳи он содир шудааст, барои халалдор  намудани  оромии  кишвар,  латма задан ба мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистон ҳамчун давлати орому осоишта, эҷод намудани монеа барои ворид гардидани шумораи зиёди сайёҳон равона гардидааст.

Аҳли олам  аз ташаббуси саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   марбут ба эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз  натиҷаи корҳои созанда ва бунёдкоронаи  анҷомёфта, сохтмони  иншоотҳои  замонавӣ ва иқдомҳо дар самти рушди сайёҳӣ огаҳӣ дошта, барои боздид аз манзараҳои биҳиштосои Тоҷикистон озими сафар мешуданд. Маҳз ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат буд, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ дар кишвар  батадриҷ  зиёд, фарҳангу тамаддун ва табиати зебои Тоҷикистон   ба ҷаҳонён муаррифӣ мегардид.

Бо ин амали хоинонаи худ гумроҳони наҳзатӣ  мехоҳанд бори дигар  миёни мардуми кишвар тафриқа  андохта, тухми кинаву адоватро паҳн  намоянд, аммо бехабар аз онанд, ки  мардуми сарбаланд ва  бонангу номуси Тоҷикистон дигар қурбони дасисаҳои онҳо нагашта, балки  аз сиёсати хирадмандона ва сулҳҷуёнани Пешвои муаззами миллат содиқона  пуштибонӣ менамоянд.

Ҳайати  устодону  кормандон, муҳаққиқон  ва донишҷуёни  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин амали ваҳшиёнаи душманони миллату ватанро қотеона маҳкум намуда, умед доранд, ки  мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамаи дастандаркорон ва гунаҳкорони ин кирдори нангинро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ  кашида, нисбаташон ҷазои сазоворро   татбиқ месозад.

АМИТ «Ховар