Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков мулоқот намуданд

17 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбековро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории ду кишвар ва иштироки ҷонибҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки кишварҳои мо тавассути иштироки фаъол дар тадбирҳои муштарак метавонанд дар таъмини амну субот дар давлатҳои худ ва минтақа саҳми фаъол дошта бошанд.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили бомуваффақонаи ҳамоиши сатҳи баланд ва меҳмоннавозии самимӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни мулоқот робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар тамоми соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, инчунин муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз қабили СММ, СҲШ, СААД ва ИДМ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

АМИТ «Ховар»