Тадбирҳои фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад,  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки як зумра чорабиниҳоро баргузор намояд.

Аз 10 то 23 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию  варзишӣ ва солимгардонӣ  бахшида ба ин рӯз  таҳти унвони «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!»   баргузор мегарданд.

Дар ин рӯзҳо ҳамчунин чорабинии маърифатӣ ва ахлоқии «Дарҳои кушод»  барои ҷавонон дар вазорату идораҳо, аксияҳои ҷумҳуриявии «Пиёдагардӣ ба нафъи саломатӣ», «Биёед китоб мехонем!», «Саломатии миллат — боигарии давлат» дар боғҳо ва маконҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе,  Конференсияи илмию амалӣ ва назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Натиҷагирӣ аз соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон:  дастгириҳои Пешвои миллат ва дастовардҳо дар самти сиёсати давлатии  ҷавонон  дар давраи соҳибистиқлолӣ», фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки  дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!», рӯзи умумиҷумҳуриявии тамошои осорхонаҳо ва аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва ҷавонони камбизоат бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат – ғамхори мо ҷавонон» баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки аз  соли 1997 ҳамасола 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

АМИТ "Ховар"

Tags: