Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Берлин

Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия бахшида ба 23-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои кишварамон, ки ҷиҳати иштирок дар барномаи табодули байнидонишгоҳӣ дар Германия қарор доштанд, баргузор гардид.  

Дар оғози ҷамъомад Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маликшо Неъматов ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда, оид ба зарурат ва моҳияти қабули ин шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат сухан гуфт. Сафир зикр кард, ки маҳз баъд аз қабули Конститутсия Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақому ҷойгоҳи хоси худро соҳиб шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гардид.

АМИТ "Ховар"