СУТ: сабукгардонии маҳдудиятҳо маънои ба охир расидани пандемияро надорад

Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус даъват кард, ки новобаста аз эълони тадриҷан бекор кардани маҳдудиятҳо вобаста ба   пандемия аз ҷониби якчанд давлат мубориза бар зидди коронавирус идома дода шавад. Дирӯз дар Женева зимни брифинг ӯ таъкид кард, ки сабукгардонии ин маҳдудиятҳо маънои ба охир расидани пандемияро надорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Мо мехоҳем таъкид кунем, ки сабук кардани маҳдудиятҳо хотимаёбии эпидемия дар ягон мамлакат нест»- гуфт ӯ.

Роҳбари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зикр кард, ки рафъи ин беморӣ «саъю талоши устувори шахсони алоҳида, ҷомеаҳо ва ҳукуматҳоро талаб мекунад, ки бояд мубориза ва назорат кардани ин вируси марговарро идома диҳанд».

Директори генералӣ аз давлатҳо даъват намуд, ки «муайянкунӣ, санҷиш, ҷудонигоҳдорӣ ва табобати ҳар як ҳолати беморӣ  ва пайгирии ҳамаи робитаҳоро» таъмин намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: