Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Душанбе

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 20 ноябр баргузор мегарданд.
Дар назар аст, ки зимни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ дар Китобхонаи миллии пойтахт мулоқоти расмии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии Қирғизистон ва нишасти матбуотӣ бо иштироки ҷониби Қирғизистон доир гардад.
Рӯзи 17 ноябр соати 14-00 дар Хонаи кинои Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор хоҳад гашт. Худи ҳамон рӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ расми ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон доир мегардад, ки дар он намоиши фарҳангию ҳунарӣ, наққошӣ ва халқии Ҷумҳурии Қирғизистон дар назар аст.
18 ноябр меҳмонони қирғиз аз шаҳри Ваҳдат дидан намуда, бо барномаи консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Қирғизистон табъи сокинони ин шаҳрро болида месозанд.
19 ноябр дар назар аст, ки иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳангӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, майдону хиёбонҳои шаҳри Душанбе дидан намоянд.
Худи ҳамон рӯз соати 17-00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: