Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Нурсултон Назарбоев, ки аз мансаби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба истеъфо рафт, суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли самимият сипоси хешро ба Нурсултон Назарбоев барои ҳамкории самараноки чандинсола иброз намуда, аз он изҳори қаноатмандӣ карданд, ки пешвои Қазоқистон фаъолияти созандаи худро дар арсаи сиёсат ба нафъи мардуми бародари Қазоқистон ва тамоми минақа идома хоҳад дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон саҳми Нурсултон Назарбоевро дар раванди ба роҳ мондану густариш додани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ намуданд.
“Ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Шумо муносибатҳои байнидавлатии мо ҳамеша дар ҷараёни рушди босуръат қарор доштанд ва хурсандибахш аст, ки ҳамкориҳои мо имрӯз ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд”,-таъкид карданд Президенти Тоҷикистон.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ин ҷонибро ҷиҳати идомаи ҳамкории минбаъда бо ӯ дар чунин рӯҳияи созандагӣ иброз доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуданд, ки аз дидори Нурсултон Назарбоев — дӯсти боэътимоду бародари худ — дар Тоҷикистон ҳамеша хушнуд хоҳанд буд.
АМИТ «Ховар»