«Сомон Эйр» иҷозати EASA- ро барои интиқоли мусофирон ба Иттиҳоди Аврупо ба даст овард

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷозати расмии EASA (Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо)-ро барои иҷрои парвозҳои мунтазам ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба даст овард.
Ҷиҳати ба даст овардани иҷозати EASA, барои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» зарур буд дар марҳилаи пешниҳоди дархост дар муддати як сол нишон диҳад, ки ҳавопаймоҳо, таҷҳизот, инчунин фаъолияти амалиётии шуъбаҳои истифодаи парвозҳо, хизматрасонии техникӣ ва шуъбаи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ҷиддии пешниҳодмекардаи EASA ҷавобгў бошанд. Ба даст овардани ин иҷозатнома ба «Сомон Эйр» имкон медиҳад, ки самти парвозҳоро дар Аврупо дучанд кунад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: