Соли 2018 дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ навиштани иншо ё эссе роҳандозӣ мегардад

Имрӯз дар гимназияи №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади дар соли 2018 ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ворид намудани иншо ё иншои хурд (эссе) аз тарафи кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш ва омодагӣ аз хонандагони синфи 11 иншо гирифта шуд.
«Санҷиши имрӯзаи мо дар 13 мактаби шаҳри Душанбе ва фардо дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ мегузарад, ки дар умум 1000 нафарро дар бар мегирад. Дар он аз хонандагон иншо гирифта мешавад. Мақсад ин аст, ки онҳо чӣ гуна иншо менависанд, зимни навиштани он чӣ мушкилот ба вуҷуд меояд ва онҳоро чӣ гуна паси сар бояд кард, то ки дар оянда натиҷаи самарабахш ва тартибу интизоми хуб риоя карда шавад»,- иброз дошт Нурулло Мирзоматов, сармутахассиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Пас аз санҷишҳои имрӯза натиҷаи онро мо тафтиш карда, хулоса мебарорем, ки дар соли 2018 ин низомро дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ чӣ гуна роҳандозӣ намоем»,-илова кард мавсуф.
Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2018 дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ навиштани иншо роҳандозӣ мегардад, ки дараҷаи баланди он ду саҳифаи чопӣ ё 250 калимаро ташкил медиҳад.

АМИТ «Ховар»

Tags: