Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид

Даври сеюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ ғолибонро оид ба намуди  гӯштини миллӣ муайян кард. Барои ба  даст овардани унвони қаҳрамони кишвар беҳтарин паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат дар се давр байни ҳам  қувваозмоӣ намуданд ва беҳтаринҳо дар қисмати финалии ин мусобиқаи бошукӯҳи варзишӣ ҳунарнамоӣ карданд.

Дар ин бора  сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар додааст. Ин мусобиқа  дар Варзишгоҳи  марказии шаҳри  Душанбе баргузор гардид. Саидҷалол Саидов, яке аз паҳлавонони   маъруфи кишвар дар вазни +80 кг ба  майдон  баромада, бар ҳама ҳарифони худ дастболо гардид ва унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро дар вазни мазкур Фирдавс Насимов ва Одил Сафаров ба даст оварданд.

Ҷои аввал дар вазни 80 кг баъд аз ғолибият дар ду даври аввал ва пушти сар намудани боз 5 сабқати дигар дар даври сеюми Фестивали ҷумҳуриявии бозиҳои миллии варзишӣ насиби Беҳруз Хоҷазода    гардид. Ин маротибаи дуюм аст, ки Беҳруз дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷои аввал мегардад. Ду ҷои ифтихории дигарро Акмалиддин Муродов ва Кароматулло Ҳакимов мутаносибан ба даст оварданд.

Дар ду вазни дигар низ сабқатҳои даври нимфиналӣ ва финалӣ  хеле тезу тунд ҷараён гирифтанд. Дар вазни 65 кг Хушқадам Хусравов тавонист ҳама ҳарифони худро   шикаст  диҳад. Дар сабқати финалӣ Хусрав бо Ёқубҷон Боқиев ба майдон баромада, бо бартарии бештар ба гирифтани унвони чемпиони кишвар муваффақ шуд.  Ёқубҷон Боқиев нишони нуқраро ба гардан овехта, Муҳаммадраҳим Сарахонов соҳиби ҷои сеюм гардид.

Ба ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии бозиҳои миллии варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ дар фазои тантанавӣ ҷоизаҳо супорида  шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии бозиҳои миллии варзишӣ баҳри эҳё ва рушди намудҳои миллии варзиш бори аввал доир шуд ва он ба рӯзҳои таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ- 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

АМИТ "Ховар"