Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара кумак расониданд

11 май  дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи хайрхоҳонаву инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳибкорон ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба аҳолии деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои маълуми рӯзҳои охир дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғистон зарар диданд, кумак расониданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, кумаки мазкур аз 7 мошин иборат буда, намояндагони ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбарии муовини Раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён зимни тақдими кумакҳо ба сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло изҳор намуданд, ки дар ин рӯзҳо ҳамеша дар паҳлӯи сокинони шаҳру деҳоти Исфара, аз ҷумла деҳаву маҳаллаҳои наздисарҳадии он ҳастанд.

-Дар ин рӯзҳо дар канори мардуми деҳаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара, махсусан мардуми ғаюри маҳаллаҳои Хоҷаи Аълои деҳоти Чоркӯҳ будан барои мо, сокинони ноҳияи Мастчоҳ шарафу ифтихори бузург аст, — гуфт муовини Раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми роҳбарият ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ барои оилаҳои осебдидаи деҳаи Хоҷаи Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла зиёда аз 20 ҳазор дона хишти пухта, 15 тонна семент, 2200 дона хишти сементӣ, 8 куб тахта, 160 дона шифер, 75 кг мех, 20 дона сатил, 250 кг орд, 100 кг макарон, 100 кг биринҷ, 50 кг равған, 20 дона курпача, 5 дона қолину рахти хоб ва дигар маводи зарурии рўзгор дастрас карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: