Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Хорватия ширкат меварзанд

Аз 18 то 22 октябри соли равон дар шаҳри Загреби Ҷумҳурии Хорватия Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чемпионат 634 нафар варзишгар (369 мард, 265 бону) аз 87 давлати дунё сабти ном шудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10 варзишгари ҷавону умедбахши  тоҷик, ба мисли   Суҳроб Боқиев (-60 кг), Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кг), Хайёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов, Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки паҳлавони ҷавони тоҷик  Раҳматуллобек Фарҳодов моҳи июли ҳамин сол дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон унвони чемпиони Осиёро ба даст оварда буд.