Содироти мол соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва Чин афзоиш ёфтааст

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон бо 101 кишвари ҷаҳон муомилоти тиҷоратӣ дошта, дар ин давра  дар асоси омори гумрукӣ  гардиши мол тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 2 094,1 миллион доллари амрикоӣ  баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли  гузашта 47,3 миллион доллар  ё 2 фоиз зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода  1 август дар Душанбе дар ҷамъи  хабарнигорон гуфт, ки  аз ҳаҷми умумии  гардиши мол  1 млрд 555,9 миллион доллар  ба воридот  ва 528,1 миллион доллар  ба содирот рост меояд, ки мутаносибан воридот ба маблағи 26,6 миллион  долари амрикоӣ ё  ду фоиз  ва содирот  беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ ё чор фоиз афзоиш ёфтааст. Зикр гардид, ки дар сохтори умумии гардиши мол  беш аз 74 фоиз ба воридот ва зиёда аз 25 фоиз ба содирот рост меояд.  Аз ҳаҷми умумии  содирот  беш аз 27 фоиз  ё зиёда аз 200  миллион доллар  ба кишварҳои хориҷи наздик  ва беш аз 62 фоиз  ё наздик ба 338 миллион доллар  ба давлатҳои хориҷи дур марбут аст.

Хуршед Каримзода афзуд, ки дар самти содироти мол аз Тоҷикистон ба хориҷа мақоми аввалро бо зиёда аз 23 фоиз Швейтсария касб намудааст. Инчунин содироти мол ба хориҷа беш аз 22 фоиз ба Туркия, 17, 1 фоиз  ба Қазоқистон, беш аз 15 фоиз  ба Ӯзбекистон, 5,1 фоиз ба Чин  ва беш аз 3 фоизӣ ба Афғонистону Россия ва ба Эрон зиёда аз ду фоиз рост меояд.

Соли равон содироти  мол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба Ӯзбекистон беш аз 17 миллион доллари амрикоӣ ва ба Чин 2 миллион доллари амрикоӣ афзоиш ёфта, ин нишондод  бо Қазоқистон беш аз 64 миллион доллар, Туркия 12,2 миллион доллар,  Эрон зиёда аз 10 миллион доллар, Афғонистон 5,3 миллион доллар, Россия 4,4 миллион доллар, Италия 3,6 миллион доллар ва Қирғизистон 1,1 миллион доллари амрикоӣ  коҳиш ёфтааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: