Вазири мудофиаи Тоҷикистон ва фармондеҳи ҲМҲ масъалаҳои ҳамкорӣ ва амниятро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима карданд

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии (ҲМҲ) Федератсияи Россия Александр Лапин масъалаҳои ҳамкории мутақобила ва амниятро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳокима намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи Шералӣ Мирзо, имрӯз дар ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавзаи низомии Россия дар омодасозии муштараки ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳо ҳаракати мусбат дида мешавад. Зикр карда шуд, ки шумораи чорабиниҳои васеъмиқёси муштарак дар тӯли се сол тақрибан ду баробар- то  12 адад афзудааст.

Дар ҷараёни мулоқот зикр карда шуд, ки афсарони мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи анъана дар чорабиниҳои фаврӣ ва ҷангии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, инчунин дар ҷамъомади фаврӣ-сафарбаркунии ҳайати роҳбарикунандаи ҳавзаи ҳарбӣ ва машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ  иштирок мекунанд.

«Сифати гузаронидани чорабиниҳо ба мо имкон дод, ки дар самти омодасозӣ ва ҳамоҳангии мақомоти идоракунии ҳарбӣ таҷрибаи азим ҳосил кунем, системаҳои иктишофӣ ва бо оташ нобудкуниро ба ҳам пайвандем, инчунин бо дарназардошти таҷрибаи ҷангии дар Ҷумҳурии Сурияи Араб ба даст омада ба тактикаи ягона бирасем», — гуфт фармондеҳи ҲМҲ, генерал-полковник Лапин.

Инчунин ҳангоми мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаи нигоҳ доштани амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд. Ба ғайр аз ин, фармондеҳи қӯшунҳо дар назди ҳайати роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гузориш дар бораи амнияти минтақавӣ ва вазифаҳои омӯзиши муштарак барои соли 2021 сухан гуфт.

АМИТ «Ховар»

Tags: