ШУКРИ ОБАТ, ТОҶИКИСТОН! Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» озмуни суруду оҳанги беҳтарин эълон мешавад

Бо мақсади тарғиби васеи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги масъалаҳои байналмилалӣ оид ба масоили  муосири ҷаҳонӣ ва дар ин замина, қабул гардидани Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Мутаҳҳид зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» Иттифоқи композиторони Тоҷикистон озмуни суруду оҳанги беҳтарин эълон мекунад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, озмун аз 5 октябр то 5 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, асарҳои беҳтарини мусиқӣ дар намоишҳои театрикунонидашуда ва дигар барномаҳои фарҳангӣ иҷро карда мешаванд.

Ҳадафи озмуни мазкур тарғиби сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар масъалаҳои об, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аҳли эҷод ҷиҳати офаридани асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, баланд бардоштани маърифат, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси ифтихори ватандорӣ, васфи Тоҷикистон, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа, оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: