Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СААД иштирок кард

23 май дар пойтахти Қазоқистон  — шаҳри Остона ҷаласаи вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар доираи хурд ва васеъ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шералӣ Мирзо иштирок  намуд. Дар ин ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таҳдид ва хатарҳои амнияти мудофиавӣ дар манотиқи кишварҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре сомонаи расмии СААД иттилоъ медиҳад,  дар рафти ҷаласа ҳамчунин як зумра  масъалаҳои вобаста ба амнияти мудофиавӣ, омодакунии кадрҳо, ташкили неруҳои муштарак муҳокима гардида, дар поёни он нақшаи ба таври муштарак ташкил намудани раёсати идоракунӣ, неруҳову воситаҳои амнияти дастаҷамъии СААД дар соли равон ва нақшаи машварати намояндагони давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, аминият ва мудофиа дар соли оянда тартиб дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки шартнома дар барои амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон имзо шуда, имрӯз давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон аъзои СААД мебошанд.

АМИТ "Ховар"