«Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ»-конфронси ҷумҳуриявӣ дар Душанбе

«Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ»- таҳти ин унвон дирӯз дар  Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и шаҳри Душанбе  конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзии иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар конфронси мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи USAID оид ба мубориза бар зиддии бемории сил дар ҶТ, Хазинаи кӯдакони СММ дар ҶТ ва дигарон иштирок ва сухан карданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи саломатии сокинон ва дар заминаи он муҳайё гардидани шароити мусоиди табобатӣ дар мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, вобаста ба мавҷуд будани имкониятҳои табобатӣ дар мамлакат маълумот дод.

Ёдовар мешавем, ки дар конфронси мазкур мавзӯъҳои ҷанбаҳои калидии «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ», ҷараёни амалисозии дастур оид ба «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ»,  нақши муассисаҳои КАТС дар доираи амалисозии дастур оид ба «Шарикӣ бо ҷомеа дар масъалаҳои саломатӣ» ва ғайра баррасӣ шуданд.

АМИТ "Ховар"